Дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварда шудааст. Президенти кишвар рӯзи 12 июл кадрҳоеро, ки дар ин мақомот ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтаанд.
“Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори марказии Вазорати корҳои дохилӣ, шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат ва роҳбарони намояндагиҳои вазорати мазкур дар назди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тағироти кадрӣ намуданд. Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида дастур доданд, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳамагуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.
Бо дарназардошти авзои печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил дар таъмини амнияту суботи кишвар бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
“Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забони хориҷӣ ва истифодаи технологияи муосир муваффақияти ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва маблағгузории гурӯҳҳои ҷинояткори экстремисти нақши муассир дорад”, — таъкид намудаанд Пешвои миллат.
Дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҳамагуна ҷиноят ва боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз дигар манфиатҳо аз мавзӯъҳои асосии суҳбат будаанд.
“Ҳар кадоми Шумо – кадрҳои ҷавону ояндадор таҷрибаи корӣ доред ва ҳамчун мутахассисони касбӣ шинохта шудаед. Бо мардум робитаи наздик дошта бошед, то дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ гардед”, — таъкид намуданд Сарвари давлат дар фарҷоми мулоқот.