Ин нахустин тарабхона дар Тоҷикистон аст, ки ба шабакаи ресторанҳои бренди «Novikov Group» шомил мебошад.
«Сыроварня» — шабакаи маъруфи тарабхонаи оилавии Аркадий Новиков буда, таомҳои аврупоӣ ва итолиёвиро бо такя ба маҳсулоти деҳқонӣ ва панирҳои истеҳсоли худӣ (мотсарелла, буррата, страчателла) пешниҳод мекунад. Ин панирҳо дар худи тарабхона омода шуда, таомҳо асосан дар танӯри ҳезумӣ пухта мешаванд. Ҳамчунин, меҳмонон метавонанд панир ва маҳсулоти деҳқониро аз дӯкони назди тарабхона харидорӣ намоянд. Консепсия фазои бароҳат, ошхонаи кушода ва ҷойгиршавии мувофиқро дар бар мегирад.
Хусусиятҳои асосии шабакаи «Сыроварня»:
●Ошхона:Ошхонаи деҳқонӣ ва итолиёвӣ бо таваҷҷуҳ ба таровати маҳсулот, мавсимият ва дорухатҳои муаллифӣ.
●Панирҳо:Истеҳсоли худии моцарелла, буррата, страчателла, рикотта ва качокавалло.
●Танӯри ҳезумӣ:Унсури асосии ошхона, ки дар он питса, гӯшт ва моҳӣ омода карда мешаванд.
●Фазо:Бароҳат ва оилавӣ, бо унсурҳои эко-лофт, гулу сабзаҳои зиёд ва ошхонаи кушода.
●Дӯкон:Имкони харидории панирҳои тару тоза ва маҳсулоти деҳқонӣ.
●Намунаи таомҳо:
●Питсаи дар танӯри ҳезумӣ тайёршуда.
●Камамбер, ки дар танӯр пухта шудааст
●Буррата бо иловаҳои мавсимӣ
●Хамира(паста)-и хонагӣ ва таомҳои панирӣ
«Сыроварня» қисмате аз гурӯҳи Аркадий Новиков буда, ғизои болаззат ва мувофиқро барои тамоми оилаи Шумо пешниҳод мекунад.
Хуш омадед ба «Сыроварня»-и нав дар шаҳри Душанбе! Кӯчаи Теҳрон, 21 (фабрика «Гулистон»)




