Рустами Эмомалӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд

Shared to Facebook Shared to Max

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як зумра бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва намояндагони илму адаб вохӯрӣ намуданд, хабар додааст маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он изҳори фикру андеша намуданд.

Бо ҳадафи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташаббуси таърихию фарҳангӣ ба роҳ монданд.

Бояд таъкид намуд, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати давлатдории миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ба ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддуни миллат равона гардидааст.

Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ва эҳтироми хосса ба шахсиятҳое мебошад, ки давоми таърих барои озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ хизматҳои беназир анҷом додаанд.

Маҷмааи мазкур на танҳо як иншооти меъморӣ, балки фазои рамзӣ ва маънавӣ хоҳад буд, ки дар он гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд.

Ин макон ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил ёфта, ҷои андеша, ибрат, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мегардад.

Ин ташаббус паёми равшан ба ҷомеа ва махсусан ба насли ҷавон аст: миллати тоҷик бо таърихи худ ифтихор дорад, решаҳои худро мешиносад ва бар пояи худшиносии миллӣ роҳи ояндаи дурахшонро интихоб мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамзамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.