Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжизюн вохӯрӣ намуд, хабар додааст маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо (соли 1992) равобити дуҷониба ба марҳилаи нав баромада, аз сатҳи муносибатҳои муқаррарӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқӣ расидааст. Рушди муносибатҳои байни ду давлат бар пояи зиёда аз дусаду панҷоҳ санади байналмилалии дуҷониба асос ёфта, самаранокии талошҳои дипломатии ҷонибҳоро исбот менамояд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки муваффақияти бадастомада дар муносибатҳои дуҷонибаи мо бо шарофати муносибатҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин амалӣ гардидаанд.
Муколамаи доимӣ ва устувори байнипарламентӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ бо мақсади таҳкими сулҳ, амният ва субот дар доираи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷонибҳо фаъолияти самарабахш ва натиҷабахши ба роҳ мондани ҳамкории байнипарламентиро, ки соли 2005 оғоз ёфтааст, мусбат арзёбӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои савдо, гуманитарӣ, фарҳангӣ, маориф, мудофиа, амният ва мубодилаи таҷриба дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Бояд иброз намуд, ки пешрафти муносибатҳои стратегии мо аз фаъолияти парламентҳои ҳарду мамлакат, густариши робитаҳо ва тасдиқи санадҳои байналмилалӣ вобастагии зич дорад. Дар ин замина Маҷлиси намояндагон дар таъмини рушди ҳамкории дуҷониба саҳм мегузорад.





