7-уми январи соли 2026 дар бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон — муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо намояндагони Сафорати ИМА Брайан Гиллеспи — Директори шуъбаи INL, Ребекка Кучерави — мудири шуъбаи сиёсӣ ва Виктор Летенко роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, вохӯрӣ доир гардид, хабар додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар дар самти муқовимат ба савдои одамон, инчунин кушишу тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, табодули афкор намуданд.
АКС:Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон






