Сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад. Сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд.
Ин порае аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки субҳи 16 июл дар назди хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” садо дод.
Дар ҳоле ки ин шаб рӯз вазъи сиёсиву низомӣ дар Афғонистон муташанниҷ шудаву боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла, Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ гардидааст, ин субҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба минтақаҳои наздимарзӣ, ба маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, воқеъ дар ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон рафтанд ва бо шароити хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
Ёдрас мекунем, ки ин қисмати сарҳади давлатии Тоҷикистон беш аз 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад.
Зимни ин боздид Президенти Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошанд, дар пойгоҳи Отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷ дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ, инчунин, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ карданд.
Президент таъкид карданд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол – ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад.
Зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд.
Сарвари давлат вобаста ба авзои кунунии давлати ҳамсояи Афғонистон гуфтанд, ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус дорад.
Имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад.
Таъкид гардид, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, аз афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагиро тақозо менамояд.
Президент бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар як афсару сарбоз вазифаҳои бисёр мушкилу масъулиятноки ба зиммааш гузоштаи давлат ва халқи Тоҷикистонро минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат иҷро мекунанд.
Баъд аз анҷоми суханронӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо ва қувваҳои эҳтиётӣ оғоз гардид, ки дар он хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қувваҳои эҳтиётӣ ё худ захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки шумораи умумии онҳо, дар маҷмӯъ, беш аз ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад, иштирок намуданд.
Баъд аз анҷоми гузашти низомии ҷузъу томҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати захираҳои сафарбарӣ суҳбат доир намуданд. Ҳайати қувваҳои эҳтиётӣ дар суҳбат бо Президент изҳор доштанд, ки чун захираҳои сафарбарӣ барои ҳимояи ҳар зарра хоки поки Ватан доим тайёранд.
Президент баъд аз вохӯрию суҳбатҳои самимӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангии ҷузъу томҳои отряд шинос гардиданд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи маишиву хизматӣ ва таъминоти ҳайати шахсӣ бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ ва дигар амволи шайъӣ Президент, инчунин, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Отряди сарҳадии Панҷ боздид карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар тобеияти Отряди сарҳадии мазкур чор гектар замини хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки ҳайати шахсӣ дар он зироатҳои гуногун кишт карда, ҳамасола ҳосили хуб ҷамъоварӣ менамоянд.
Маҳсулоти бадастомада барои таъмин намудани ҳайати шахсӣ бо озуқаворӣ ва серғизо намудани хӯроки онҳо мусоидат менамояд.
Боздиди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи тайёрии ҷангии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон идома ёфт.
Тибқи ишораи бонги хатар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии ин минтақа, ки шумораи онҳо беш аз ду ҳазор нафар буд, дар майдони фурудгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҳозиразамон саф ороста буданд.
Дар ин ҷо ҳам Сарвари давлат доир ба вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои воқеӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи ҳайати шахсӣ, сафарбарӣ ва идораи қӯшунҳо, аҳаммияти ҷалби захираҳои эҳтиётӣ, дар ҳолати омодабош қарор додани ҳама намуди силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва техникаҳои ҷангӣ, ҳушёриву зиракии сиёсиву низомӣ ва муҳимтар аз ҳама, барои пойдории сулҳу субот содиқонаву софдилона хизмат намудан ба сарзамини аҷдодӣ суханронӣ намуданд.
Президент афсарону сарбозонро ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба зарурати таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз сатҳи ҳимояи сарҳадот вобаста аст, андешаронӣ намуданд.
Президент гуфтанд, таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори муҷаҳҳазу муосир ва нерӯи боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтааст, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон ва аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Бори дигар таъкид гардид, ки сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд.
Гуфта шуд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмин намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи “Ворисони Куруши Кабир”, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ, 5 қисми ҳарбӣ дар самти таъминоти техникӣ таъсис ёфта, 187 иншооту бинои ёрирасон бунёд карда шуд.
Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ бунёд ва 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ шуд.
Инчунин, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад бунёд гардиданд.
Дар даврони истиқлол 2800 нафар, аз ҷумла 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва 1300 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.
Дар чанд соли охир дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир, 1200 мил силоҳ ва 6300 адад муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.
Ҳамчунин, хотирнишон гардид, ки то имрӯз зиёда аз 1600 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардида, роҳбарияти давлат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад ва дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият мебахшад.
Дар охири суханронӣ Президент ба афсарону низомиён муроҷиат карда, изҳор доштанд, ки ҳар яки шумо бояд интизоми ҳарбиро бо таври қатъӣ риоя намоед, доим ҳушёру зирак бошед ва нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.
Дар ин ҷо ҳам баъд аз суханронии Сарвари давлат гузашти низомии афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид.
Дар идомаи сафар ва шиносоӣ бо вазъи омодагии ҷузъу томҳо ва захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ Президент аз шароити хизмативу маишӣ, таълимӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии афсарону сарбозон боздид ба амал оварданд.
Президент зимни боздид аз отряди сарҳадӣ ва ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии сохторҳои низомии мамлакат доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас доданд.
Суханронии Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар назди хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ”
Муҳтарам генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ”!
Бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии давлат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон ҳамаи шуморо ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям.
Ҳамчунин, ба шумо – фарзандони далеру ғаюри мардуми Тоҷикистон хотирнишон менамоям, ки соҳиби марзи муайян будан дар баробари унсурҳое, чун забони давлатӣ, таърихи пурифтихори бостонӣ ва арзишҳои неки фарҳангӣ аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлати миллӣ ва давлатдории навини мо, суботи сиёсии ҷомеа ва зиндагии осудаи мардум мебошад.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.
Мо қувваҳои сарҳадиро солҳои 90-уми асри гузашта, яъне замоне таъсис додем, ки кишвари азизамон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва дар он аӣёми бисёру ноорому бесубот душманони миллат ва гурӯҳҳои ҷинояткор тавассути марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави кишвари мо аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, вазъи мамлакатро рӯз ба рӯз вазнину мураккаб мегардониданд.
Вазъият чунон даҳшатнок гардида буд, ки давлати тоҷикон дар остонаи аз байн рафтан қарор дошт ва ба миллат хатари пароканда шудан таҳдид мекард.
Чунин шароити бисёр ҳалокатбору фоҷиаовар мо – роҳбарияти навинтихобшудаи давлатро водор намуд, ки дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ аввалин сохтори ҳифзи сарҳад – Бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил намоем ва баъдан онро ба Раёсати ҳифзи сарҳад табдил дода, бо гузашти якуним соли дигар, яъне 28-уми майи соли 1994 дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис диҳем, ки ҳоло ин санаи таърихӣ ҳар сол ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон таҷлил мегардад.
Яъне Қӯшунҳои сарҳадӣ низ монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи бисёр ҳассос ва аз ҳар лиҳоз мушкили таърихи кишварамон бе ягон заминаи моддиву техникӣ таъсис дода шуданд.
Ба ибораи дигар, таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори муҷаҳҳазу муосир ва нерӯи боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтааст, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон ва аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Минбаъд, яъне дар даврае, ки ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон пурра ба дӯши Қӯшунҳои сарҳадии мо вогузор гардид, афсарону сарбозони далери ин сохтори низомӣ дар пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои фаромиллӣ хизмати воқеан таърихиро анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад.
Яъне сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд.
Ин қисмати сарҳади давлатии мо беш аз 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад.
Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.
Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ба талаботи замона мутобиқ гардонида шудаанд ва мо ин равандро бо истифода аз тамоми имкониятҳо идома дода истодаем.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмин намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи «Ворисони Куруши Кабир», 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ, 5 қисми ҳарбӣ дар самти таъминоти техникӣ таъсис ёфта, 187 иншооту биноҳои ёрирасон бунёд карда шуд.
Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад бунёд гардиданд.
Дар ин давра, бо истифода аз имкониятҳои дохилии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмӯъ, 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, ҳоло корҳои сохтмон дар даҳҳо иншооти дигар бомаром идома доранд.
Ҳукумати мамлакат доир ба таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ низ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
Мо ба тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад, эътибори доимӣ медиҳем.
Зеро иқтидори мудофиавӣ ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳо, дар навбати аввал, аз сатҳи касбият, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи кадрҳои низомӣ вобаста мебошад.
Дар даврони истиқлол 2800 нафар ҷавонони мо, аз ҷумла 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ содиқона хизмат карда истодаанд.
Имрӯз дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 500 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар 300 нафар ҷавонони дигари мо таҳсил доранд.
Дар давоми чанд соли охир дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир, 1200 мил силоҳ ва 6300 адад муҳиммоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Махсус ёдовар бояд шуд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат, инчунин, ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ва заҳмати ватандӯстонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд.
То имрӯз 105 нафари онҳо барои ҷасорату далерӣ ҳангоми ҳимояи сарҳадот бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳамчунин, зиёда аз 1600 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардида, роҳбарияти давлат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Муҳтарам афсарону сарбозон!
Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан, авзои Афғонистони ҳамсоя, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.
Ҳар яки шумо, ки дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони кишвар қарор доред, бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя намоед, доим ҳушёру зирак бошед ва нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.
Бовар дорам, ки ҳар пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон барои тамоми генералҳо ва афсарону сарбозон азизу муқаддас мебошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург меҳисобад.
Бори дигар ҳамаи шумо — марзбонони далеру шуҷои кишвар, муҳофизони марзу бум ва хоки муқаддаси Ватани азизамонро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ҷодаи хизмати бошарафатон — ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва амнияти сокинони мамлакат иродаи матин ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру ҷасури Ватан!