Спитамен Бонк ҳушдор медиҳад: Эҳтиёт шавед!

Shared to Facebook Shared to Max

Таваҷҷуҳ! Оид ба қаллобӣ огоҳ мекунем!

Рӯзҳои охир зангҳо аз ҷониби шахсоне, ки худро ҳамчун интернет-провайдерҳо муаррифӣ намуда, насби интернети насли нав (5G)-ро пешниҳод менамоянд, зиёд ба назар мерасанд.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки провайдерҳои расмӣ ин усули алоқаро истифода намебаранд.

Хоҳиш мекунем, ки ба истинодҳои шубҳанок нагузаред ва маълумотҳои шахсиву рамзҳои тасдиқкунандаро ба ҳеҷ кас нагӯед.

▶️ҶСП «Спитамен Бонк»

https://www.spitamenbank.tj