Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, аз аҳволи хонаводаи майор Қурбонов Исматулло — афсари Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҳалок гардидааст, хабар гирифт, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсари шаҳид калиди хонаи дуҳуҷрадор дар шаҳри Бохтар тақдим намуда, ҳамзамон кумаки молиявӣ расонид.
Зикр гардид, ки дастгирии иҷтимоии хонаводаҳои шаҳидон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, ҷоннисориҳои фарзандони Ватан ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2025, соати 23:30 се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд. Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.
Акс: хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон











