Ба муносибати Соли нав хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия ба собиқадорон маҳсулоти ғизоӣ, туҳфаҳо ва табрикномаҳоро бо паёми шодбошӣ аз ҷониби фармондеҳии Русия тақдим намуданд, хабар медиҳад оҷонсии иттилоотии Sputnik.
ДУШАНБЕ, 6 январ — Sputnik. Хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдулазиз Қодировро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 табрик намуданд.
Дар ин бора шуъбаи ҳамкории ҳарбӣ-граждании пойгоҳи ҳарбии 201 хабар додааст.
Зикр мегардад, ки ба собиқадор маҳсулоти ғизоӣ, туҳфаҳо ва табрикнома бо паёми шодбошии фармондеҳии Русия супорида шуд. Илова бар ин, наваскарон сурудҳои солҳои шӯравиро иҷро намуданд.
Абдулазиз Қодиров 15 июни соли 1917 дар деҳаи Шаҳринав, воқеъ дар водии Ҳисор, ба дунё омадааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар муҳорибаҳои назди Севастопол, Керч, Феодосия ва Одесса иштирок кардааст. Ӯ бо орденҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи II ва Ситораи Сурх сарфароз гардидааст.
Ҳамчунин, хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201 ба муносибати Соли нав ба собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, туҳфаҳо ва маҳсулоти ғизоӣ тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мустақар буда, бузургтарин объекти ҳарбии Федератсияи Русия берун аз ҳудуди он ба шумор меравад. Пойгоҳ дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, ба ҳайати он воҳидҳои мототирандозӣ, танкӣ, артиллерӣ, иктишофӣ, мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ, инчунин алоқа шомиланд.




