5 январи соли 2026 дар шаҳри Вена мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА Манучеҳр Ҷобир бо Дабири кулли он созмон ҷаноби Феридун Синирлиоғлу доир гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ, Намояндаи доимии Тоҷикистон эътимодномаи худро ба Дабири кулли САҲА супорид. Ҷонибҳо ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА-ро дар ченакҳои сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ, баррасӣ намуданд.




