Бонги хатар: “Марз-2021”. Омодабоши ҷангии 230 ҳазор нафар санҷида шуд

Shared to Facebook

Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон, соати чори субҳи 22-юми июл бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабоши ҷангии онҳо санҷида шуд.

Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони “Марз-2021” гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ҷамъбасти чорабинӣ ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф овард.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ гузориш дод.

Баъди иҷрои Суруди миллӣ Президент дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуд.

Баъди суханронии Сарвари давлат бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 10 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта баргузор гардид.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияи худгард ва дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ қарор доранд, аз паради ҳарбӣ гузаштанд.