5 январи соли 2026 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски ва и.в. роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон Татяна Тсуркан баргузор гардид, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманд мубодилаи афкор намуда, татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро дар Тоҷикистон матраҳ намуданд.
АКС:ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон






