Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11 август cафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Мэтю Лоусонро бинобар ба итмом расидани ваколати дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст.
Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ибрози андеша намуда, ҳавасмандии хешро баҳри таҳкими баъдии муносибатҳо баён карданд:
“Дар фарҷоми вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ ба Мэтю Лоусон барои саҳмаш дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва робитаҳои дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард”, — омадааст дар хабар.