Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфтааст:
“Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намудаанд.