Суботи Осиёи Марказӣ бештар ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон вобастагӣ дорад, изҳор доштааст вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни музокирот бо фармондеҳони Русия ва Ӯзбекистон.
Ба гузориши хабаргузории русии “Спутник”, Шералӣ Мирзо омилҳои махсуси хатарро барои кишвар аз ҷониби террористони мустақар дар Афғонистон номбар карда, ёдовар шудааст, ки ҳаракати “Толибон” аллакай шимол ва шимолу шарқи он кишварро таҳти назорат гирифт:
“Агар то чанде пеш ҳузури неруҳои хориҷӣ имкон медод, ки тавозун ва назорати вазъи низомиву сиёсӣ ба даст ояд, хуруҷи онҳо фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиро тақвият бахшид”, — гуфтааст вазир.
Ба гуфтаи Шералӣ Мирзо, ҳузури неруҳои террористӣ дар марз ҳамоҳангии кишварҳои минтақаро тақозо менамояд:
“Созмонҳои фаъоли террористӣ дар Афғонистон ба як сохтори муташаккил бо артиши муҷаҳҳаз бо силоҳҳои муосир ва стратегияи муайяни амал табдил ёфтанд, ки махсусан барои кишварҳои минтақа хатарнок мебошад”, — гуфтааст ӯ.
Вазир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа даъват кардааст, ки бо ҷалби қувваҳои мусаллаҳ ба ин таҳдидҳо вокуниши муносиб нишон диҳанд.
Бо зикри он ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд, генерал-полковник Шералӣ Мирзо таъкид намудааст, ки неруҳои ду кишвар дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои террористӣ қарор доранд. Ӯ ҳамчунин нақши муҳими Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-ро дар таъмини амнияти минтақа таъкид кардааст.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон тамринҳои муштарак бо Ӯзбекистон ва Русияро, ки дар марзи Афғонистон сурат гирифтанд, муваффақона номида, афзудааст, ки ҳамаи вазифаҳои дар назди артиш гузошташуда иҷро гардиданд. Ӯ бар ин бовар аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо қодиранд ба ҳама гуна таҳдид посух диҳанд.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 то 10 август дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия бо ҷалби зиёда аз 2500 нафар хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи се кишвар баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар машқҳои муштараки васеи низомӣ, ҳамчунин 25 адад чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои муҳорибавию зарбазан, бомбаандозу қиркунанда, 500 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё худ воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода шуданд.