Спитамен Бонк:ҷамъбасти марҳилаи 9-уми «Интиқоли тиллоӣ»

Shared to Facebook

ҶСП «Спитамен Бонк» бо хушнудӣ иттилоъ медиҳад, ки марҳилаи 9-уми иқдоми “Интиқоли тиллоӣ”-ро ҷамъбаст намуд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти бонк хабар додааст.

Чорабинӣ воқеан ба ҷашни ҳақиқӣ, ки иштирокчиён ва меҳмононро муттаҳид намуда ба онҳо эҳсосоти равшан ва хотираҳои фаромӯшнашаванда эҳдо кард, табдил ёфт.

Чун анъана, ровии чорабинӣ Орзу Исоев бо маҳорати суханварӣ, ҷозиба ва неруи беинтиҳои худ фазои гарм ва самимиро фароҳам овард.

Дар ҳайати ҳакамон, барои муайян кардани ғолибон блогери машҳур — Сабринаи Назрӣ иштирок намуд ва шахсан шоҳид гардид, ки рафти бозӣ ва ҷараёни муайян кардани ғолибон комилан шаффоф сурат мегирад.

Иштироки яке аз ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик – Фахриддини Малик, ки яке аз мизоҷони фаъоли Спитамен Бонк мебошад, барои ҳозирин ғайриинтизор буд. Интихоби намояндаи маъруфи соҳаи эҷодӣ, эътимоди ӯро ба бонк таъкид намуда, аз сатҳи устувор ва сифати баланди хизматрасониҳо шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тариқ натиҷаҳои расмии марҳила ҷамъбаст гардида, ғолибон эълон ва ба онҳо туҳфаҳои арзишманд супорида шуданд.

Шодиву ҳаяҷон ва табассумҳои самимии иштирокчиён беҳтарин далели муваффақ ва хотирмон будани ин рӯз гардиданд.

Ба наздикӣ марҳилаи ҷамъбастии иқдоми «Интиқоли тиллоӣ», ки дар он туҳфаи асосӣ — хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ба бозӣ гузошта мешавад, баргузор мегардад. Барои дарёфти соҳиби хушбахти калиди орзуҳо рӯзҳои башумор мондаанд!Хабарҳоро пайгирӣ кунед — лаҳзаҳои дурахшонтарин дар пешанд!

▶️ҶСП «Спитамен Бонк»

https://www.spitamenbank.tj