Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 22 декабр раддабандии ниҳоии дастаҳои миллии футболро барои соли 2025 нашр кард, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи рӯйхати навшуда дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо 1224.93 хол дар ҷойи 101-ум қарор дорад.
Дар байни дастаҳои мунтахаби миллии аъзои Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 17-ум аст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 дастаи мо мавқеи худро беҳтар карда, аз ҷойи 104-ум боло баромад.
Соли 2025 дастаи миллии Тоҷикистон 10 бозӣ анҷом дод, ки аз шаш ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт иборат аст. Пирӯзиҳо бар Тимори Шарқӣ (1:0, 5:0), Камбоҷа (2:1), Афғонистон (2:0) ва Малдив (2:0, 3:0) ба даст оварда шуданд. Мусовиҳо бо Филиппин (2:2) ва Эрон (2:2) сабт шуданд. Дастаи мо дар рақобатҳо бо Беларус (0:5) ва Ҳиндустон (1:2) ба бохт дучор шуд.
Дастаи миллии Тоҷикистон бозии расмии навбатиро 31 марти соли 2026 дар Ҳисор анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили дастаи яккачини Филиппин баргузор мегирад.




