Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз он нигаронии ҷиддӣ дорад, ки “Толибон” ваъдаи худро дар бораи ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон иҷро накарданд. Дар ин бора дабири кулли созмон Станислав Зас изҳор дошт, хабар медиҳад “Интерфакс”.
Ба гуфтаи ӯ, тарс вуҷуд дорад, ки ҳолатҳои бамиёномадаи муқовимат бо “Толибон” метавонанд боиси ҷанги шаҳрвандӣ бо оқибатҳои пешгӯинашаванда барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ шаванд.
Зас афзудааст, ки СААД аз ваъдаҳои раҳбарияти “Толибон” дар бораи қатъи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон истиқбол карда ва изҳори умедворӣ мекунад, ки ин ваъдаҳо иҷро хоҳанд шуд:
“Аммо, албатта, тарс вуҷуд дорад, ки агар ба раҳбарияти “Толибон” манбаъҳои даромад пайдо нашаванд, мо вазъияти каме дигарро хоҳем дид”, — афзудааст дабири кулли СААД.
Вай хотиррасон кардааст, ки вақте дафъаи гузашта “Толибон” ба қудрат раисданд, гардиши маводи мухаддир аз Афғонистон коҳиш ёфт.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вазъро дар марз бо Афғонистон таҳти назорат доранд ва ниёзе ба ҷалби нерӯҳои иловагӣ ба он нест.
“Имрӯз марзбонони тоҷик вазъиятеро, ки дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба вуҷуд омада истодааст, ба таври қатъӣ назорат мекунанд. Аз ин рӯ, зарурати ҷалби нерӯҳои иловагӣ барои назорати ин сарҳад вуҷуд надорад… Агар чунин зарурат ба миён ояд, пас ин масъала алоҳида баррасӣ мешавад, мо барои ин ҳама имконотро дорем.
Бале, ба марзбонони тоҷик кумак оид ба таҷҳизоти техникӣ зарур аст. Ва чунин чораҳо андешида мешаванд, аз ҷумла, ба сурати дуҷониба”, — гуфтааст дабири кулли СААД.
Ба таъкиди ӯ, СААД ба таҳдидҳое, ки аз Афғонистон бармеоянд, то ҳадди имкон ҷиддӣ муносибат дорад ва аз ин рӯ, вазъро дар минтақаи Осиёи Марказӣ бодиққат назорат мекунад.
Зас гуфтааст, Созмон чораҳои амалии дастаҷамъиро таҳия карда истодааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъи сарҳад пешбинӣ шудаанд.
Ҳамин тавр, дар моҳҳои наздик як силсила машқҳои густурдаи неруҳои дастаҷамъии СААД дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешавад: “Ҷустуҷӯ-2021”, “Эшелон-2021”, “Ҳамкорӣ-2021” ва “Кобалт-2021”, ки ҳамаи онҳо аз рӯи нақшаи ягона гузаронда мешаванд.