Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ ва рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардааст.
Бино ба маълумоти котиботи шаҳрдории Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова рӯзи 2 август ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мақомоти шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифта, маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе ташкил доданд.
Дар вохӯрӣ ҷаноби Озан Севимли ба ҳайси Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардидааст.
Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ кардаанд:
“Дар сурати сари вақт амалӣ намудани лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшокӣ кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад”, — гуфта шудааст дар мулоқот.
Иштирокчиёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намудаанд.
Дар ин робита масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони “Иншооти обтозакунии Варзоб” бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардидааст.
Ҷонибҳо, ҳамчунин мавзӯъоти марбут ба ҳамкориҳои мақомоти шаҳри Душанбе ва Бонки ҷаҳониро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)” баррасӣ намудаанд.
Гуфта шудааст, минбаъд низ ҳамкории барои ҳар ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ менамоянд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардидааст.