Тоҷикистон ҷонибдор аст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии Афғонистон бояд ҳарчи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Дар айни замон Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар Афғонистон бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми он кишвар, бахусус бидуни тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф намекунад.
Ин нукта дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ таъкид шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки 25 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бахусус, ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Зикр гардидааст, ки имрӯз яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад:
“Афғонистон бар асари хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз қаламрави он имрӯз дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад.
Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст”.
Таъкид шудааст, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кард. Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки “Толибон” аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд:
“Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад.
Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад”, — гуфта шудааст дар мулоқот.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид намудааст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад:
“Баъдан, сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард”.
Таъкид гардидааст, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Вобаста ба ин Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ бинад:
“Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад”, — гуфта шудааст дар мулоқот.
Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонидаанд.
Дар ин мулоқот, ҳамчунин, маҷмуъи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ шуда, ҷонибҳо, аз ҷумла, рафти омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Покистон Имрон Хонро ба Тоҷикистон муҳокима кардаанд.
Вазири корҳои хориҷии Покистон ас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, кишвараш тарафдори таъсиси Ҳукумати фарогири инклюзивӣ дар Афғонистон мебошад, ки дар он намояндагони тамоми қавмҳо метавонанд ба таври фаъол иштирок намоянд.
Вай гуфт, ин сафараш бо дастури хоссаи Сарвазири Покистон Имрон Хон сурат гирифта, ба Душанбе ба он мақсад омад, ки фикру ақидаи ҷониби Тоҷикистон ва маслиҳати Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба масъалҳои мазкур пайдо намояд. Қурайшӣ гуфт, нигарониҳои ҷониби Тоҷикистонро оид ба вазъи кунунии Афғонистон ба Сарвазири Покистон мерасонад.