Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

16 декабри соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷӣ тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.

Тавре хадамоти матбуоти ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, дар тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи марказии мақоми сиёсати хориҷӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа иштирок намуданд.