Ҷамъомади тантанавӣ дар Боғи Ғалаба

Shared to Facebook

5 декабр дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе, назди танки ёдгории ИС-2, ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Чорабинӣ ба 84-умин солгарди оғози ҳамлаи ҷавобии қувваҳои шӯравӣ алайҳи истилогарони немис-фашистӣ дар ҷанги назди Москва бахшида шуд.

Дар ин чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, иҷрокунандаи вазифаи муовини фармондеҳи пойгоҳи ҳарбии 201-ум оид ба корҳои сиёсӣ-ҳарбӣ майор Семён Шукшин, хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони Гуруҳи ҳамкории марзбонии Хадамоти амнияти федералии Русия дар Тоҷикистон, созмонҳои собиқадорон, ҷанговарони байналмилал (интернатсионалист) донишҷӯён, хонандагон ва сокинони шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Ҳамаи ҳозирон хотираи ҷанговароне, ки дар набардҳои назди Москва ҳалок гардиданд, бо як дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд.

Баъдан бо иҷрои оркестри ҳарбии пойгоҳи 201-ум Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди миллии Русия садо доданд.

Майор Семён Шукшин дар суханронии худ гуфт: «Дар ҷанги барои Москва халқи шӯравӣ матонат ва шуҷоати бемисл нишон дода, ба истилогарони немис-фашистӣ муқовимати сахт намуд. Ин ғалаба на танҳо пойтахтро аз хатар раҳо кард, балки рамзи нерӯ, ирода ва шикастнопазирии халқи шӯравӣ гардид.»

Иштирокчиён баъд аз ҷамъомад ба ёди муҳофизони шаҳидшуда гулчанбар ва гулҳо ба танки ёдгории ИС-2 гузоштанд.

5 декабри соли 1941 Артиши Сурх дар тамоми хатти фронт аз Калинин то Елетс, ҳамлаи калонро оғоз намуд. Дар натиҷа, қувваҳои немис-фашистӣ дар назди Москва шикаст хӯрданд ва аз пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ ба ақиб баргаштанд.

Аҳамияти ин рӯйдод хеле бузург аст, зеро дар он рӯзҳои сарнавиштсоз аз мавқеи пеши қувваҳои гитлерӣ то Москва ҳамагӣ 20 километр монда буд. Ин амалиёт оғози силсилаи пирӯзиҳои бузурги Артиши Сурх дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардид.

Дар ҷанги назди Москва Дивизияи 20-уми савораи Краснознамёнаи Тоҷикистон низ ширкат дошт. Сарбозони тоҷик дар ҷангҳои мудофиавии хеле вазнин иштирок карда, ақибнишинии қӯшунҳои дигарро таъмин менамуданд, ба гурӯҳҳои душман аз паҳлу ва ақиб зарба мезаданд, идораи онҳоро халалдор мекарданд ва расондани маводи таъминотиро барои онҳо душвор мегардонданд.

Сафири Русия таъкид намуд, ки ҳифзи ҳақиқии таърихӣ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пешгирӣ аз таҳрифу ивазкунии натиҷаҳои он — қарзи муқаддаси мо дар назди қаҳрамонони шаҳид мебошад.

Номбурда ба роҳбарияти Тоҷикистон, собиқадорон ва ҷомеа барои нигоҳдории хотираи ҷанговарон изҳори сипос намуда, гуфт, ки ин кори муҳим минбаъд низ идома меёбад.

Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон калонтарин пойгоҳи Русия берун аз ҳудуди кишвар ба ҳисоб меравад. Он дар ду шаҳр, Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, яке аз омилҳои асосии таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.