“Дар меҳмонии Душанбе”: Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад

Shared to Facebook

Аз 20-ум то 24-уми сентябри имсол дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Дар меҳмонии Душанбе” баргузор мегардад.

Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани ин Фестивал ҳафтаи сипаригардида ба тавсиб расид.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали мазкур фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигар, табодули маълумот ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ арзёбӣ мешавад.

Тибқи ин қарор, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакону наврасони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Дар меҳмонии Душанбе” тадбирҳои амалӣ меандешанд. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур муваззаф шудааст.