Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Shared to Facebook

Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, иттилоъ додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, зимни суханронии худ аз ғамхорию дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми даҳ соли охир беш аз 90 раёсату шуъба ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ аз нав бунёд карда шуда, тамоми биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ бо тарҳи замонавӣ таъмиру тармим ва бо лавозимоту таҷҳизоти муосири хизматӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин қисмҳои ҳарбии Раёсати Ⱪӯшунҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт бунёд карда шудаанд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода таъкид намуд, ки корманди милитсия бояд зоҳиран ҷиддӣ, ором, хушмуомила ва ботинан қавиирода, далеру шуҷоъ ва масъулиятнок бошад.

Дар охир беш аз 700 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои фаъолияти хубу назаррас ва садоқат ба касб бо рутбаҳои махсуси навбатии «Полковники милитсия», «Подполковники милитсия», медалҳои «Барои хизмати шоён», дараҷаҳои 1, 2 ва 3, медалҳои «Садоқат», «Милитсияи Тоҷикистон», нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаи фахрӣ ва «Раҳматнома»-и Вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Имрӯз-медиа ва Радио «Шаҳри ман» кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуда, ба ҳамаи Шумо умри дароз, саломатӣ ва сарбаландиву муваффақиятҳои беназир орзумандем!

Иди касбӣ муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷоъ ва фарзандони содиқи Ватан!