Мунтахаби наврасони Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи иштирокчии Ҷоми ҷаҳон-2025 гардид

Shared to Facebook

Пеш аз оғози Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Варзишгоҳи байналмилалии Халифаи шаҳри Давҳа ҷаласаи умумии ҳамоҳангсозӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Намояндагони ФИФА, Кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ва ҳамаи 48 дастаи иштирокчии мусобиқа дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд.

Ҷоми ҷаҳон-2025 дар формати нав бо иштироки 48 даста баргузор мешавад, ки ин бузургтарин мусобиқа дар таърихи синну соли мазкур хоҳад буд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) рақобат мекунад. Дастаи мо дар муқобили яккачинҳои Чехия ва Буркина-Фасо либоси сурх ва бар зидди ИМА либоси сафед мепӯшад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) шаҳодатномаи иштирокчии   Ҷоми ҷаҳон-2025 супорида шуд.