Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти дастҷамъии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад ва вазъи мураккабу хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад.
Бо далели ин ки “Толибон” аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст кашида, аз таъсиси як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат бо роҳбарии аъзои ҳаракати онҳо хабар дод, дар ду-се соли наздик ҷорӣ кардани идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад.
Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъкид намуда, афзуданд, ки дар айни замон Тоҷикистон ҳама шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ рӯзи 16 сентябр таҳти Раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳузури Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас баргузор шуд.
Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласа ба таври маҷозӣ иштирок кард.
Ҷаласа бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, сипас бо иштироки аъзои ҳайатҳо дар шакли васеъ идома ёфт.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тайи давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Тоҷикистон дар суханронӣ гуфтанд, бо арзёбиҳои зикршуда розӣ аст, ки имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки мо то ҳол дар марҳилаи хатарноки пандемия қарор дорем. Пандемияи аз ҷиҳати миқёс ва оқибатҳои худ бесобиқа ба буҳрони тӯлонии иҷтимоию иқтисодӣ оварда расонд, ки бидуни муболиға, аз ҷумла ба амнияти мо таъсир мерасонад.
Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба шиддатёбии вазъ дар Афғонистон изҳор доштанд, ки вазъи фалокатбор дар ин кишвар бевосита ба минтақаи амнияти дастҷамъии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад:
“Имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад”, — гуфтанд Сарвари давлат.
Матни пурраи суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ чунин аст:
“Ҳамтоёни муҳтарам
Ман бо арзёбиҳои зикршуда розӣ ҳастам, ки имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд.
Инчунин набояд фаромӯш кард, ки мо то ҳол дар марҳилаи хатарноки пандемия қарор дорем.
Пандемияи аз ҷиҳати миқёс ва оқибатҳои худ бесобиқа ба буҳрони тӯлонии иҷтимоию иқтисодӣ оварда расонд, ки бидуни муболиға, аз ҷумла ба амнияти мо таъсир мерасонад.
Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти дастҷамъии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
Имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад.
Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад.
Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст кашиданд ва аз таъсиси як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат бо роҳбарии аъзои ҳаракати онҳо хабар доданд.
Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин баробарии гендериро ба назар намегирад.
Ин маънои онро дорад, ки дар ду-се соли наздик ҷорӣ кардани идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад.
Тоҷикистон ҳама шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.
Аз холигии ҳарбию сиёсӣ истифода бурда, қувваҳои гуногуни террористӣ мавқеъҳои худро дар мамлакат фаъолона мустаҳкам мекунанд.
Дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба макони терроризми байналмилалӣ мубаддал мешавад.
Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем.
Толибон дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад.
Мутмаинем, ки мушкили Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя, бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад.
Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бояд бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бидуни дахолати берунӣ муайян карда шавад.
Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад.
Вазъияти имрӯзае, ки дар Афғонистон ба назар мерасад, ба қитъаи тоҷикистонию афғонистонии ҳудудҳои ҷанубии СААД фишори шадид мерасонад.
Дар ин замина, зарурати идомаи кори муштараки пайваста оид ба ҳарчи зудтар ба итмом расонидани ҳамоҳангсозии Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД ҷиҳати таҳкими қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро зарур мешуморем.
Барои пешгирии шабакаҳои дастгирии молиявӣ ва моддию техникии гурӯҳҳои террористӣ кӯшиши фаъолонатар ба харҷ додан лозим аст.
Ба фаъолияти иттилоотии террористон, истифодаи онҳо аз технологияҳои навтарин, аз ҷумла интернет диққати махсус бояд дод.
Сарфи назар аз баъзе тамоюлҳои мусбат дар солҳои охир, таҳдиди маводи мухаддир низ ба амнияти минтақаи масъулияти СААД таъсири манфӣ мерасонад.
Умедворем, ки Стратегияи зидди маводи мухаддир, ки дар доираи СААД барои панҷ соли оянда (2021-2025) амалӣ мешавад, ба ҳалли ин масъалаҳо ва ҳамкории мо такони иловагӣ мебахшад”.
Зимнан, баъди баррасии масъалаҳо аз руи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дар маҷмуъ 14 санад ба имзо расид.
Соли 2022 раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба ҷониби Арманистон мегузарад.