Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.
Муассисаи навбунёд барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 4 синфхонаи ибтидоӣ, 5 синфхонаи фаннӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи умумии таълимӣ, ҳуҷраи кории омӯзгорон ва китобхона мебошад, ки дар онҳо имконоти ҳозиразамон ва лавозимоту аёнияти таълимӣ муҳайё гардидааст.
Дар китобхонаи муассиса беш аз 1500 адабиёти илмию бадеӣ маҳфуз аст ва хонандагон бо китобҳои дарсии нав таъмин гардидаанд.
Иштироки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ назаррас буда, соли 2024 як хонандаи он дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ бо назардошти осон намудани мушкили хонандагон, ки қаблан барои таҳсил тақрибан 2 киллометр роҳро аз мавзеъҳои душворгузар тай менамуданд ва дар фасли зимистон пешорӯи мушкилӣ мегардиданд, бунёд ёфтааст. Сохтмони бинои мактаб соли 2024 оғоз гардида, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талабот пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд.


Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Парандаи Пушингро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи мазкур бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шудааст. Барои парвариш ва нигоҳдории мурғ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, иқтидори умумии паррандапарварӣ 40 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад.
Масоҳати умумии корхонаи Парандаи Пушинг 23 ҳазору 695 метри мураъббаро ташкил дода, дар он фермаҳои парандапарварӣ, қитъаҳои махсуси нигоҳдорӣ ва коргоҳи хӯроки омехта мавҷуданд. Ҳоло дар фабрикаи истеҳсоли хӯроки паранда асбобу таҷҳизоти муосир насб гардида, истеҳсоли он мутобиқи талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар корхонаи Парандаи Пушинг 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занони хонашин, бо кори доимӣ ва музди хуб таъмин шудаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар паҳлуи корхона 165 панели офтобӣ насб гардидааст, ки ҳар рӯз 380 кВт/с неруи барқ истеҳсол мекунад. Аз ин ҳаҷм, корхона тақрибан 115 кВт/с неруи барқро барои таъмини фаъолияти худ истифода мебарад, боқимонда метавонад барои ниёзҳои дигар ё захираҳо равона гардад.




Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара чор гармхонаи наву муосири хоҷагии деҳқонии Восеъро, ки дар деҳоти Пушинг ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Ин гармхонаҳо бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ, оилаи Холматовҳо бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сохта шуда, барои парвариши помидор, бодиринг ва лимӯ пешбинӣ гардидаанд.
Масоҳати умумии гармхонаҳо 10 садяк заминро ташкил дода, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маҳсулот фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо зиёда аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ҳар як гармхона шароити мусоид барои нашъунамои зироатҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намошгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Дар намоиш намунаҳои беҳтарини маҳсулоти худӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот, зироатҳои ғалладона ва маҳсулоти ҳамин гармхона пешниҳод шуданд.
Сарвари давлат ба натиҷаи заҳмати кишоварзони хоҷагии деҳқонии Восеъ баҳои баланд дода, фаъолияти онҳоро дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми арзанда номиданд.





Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии Гулистон, бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушинг, дар кӯчаи Марказии деҳаи Пушинг бинои нави Қасри фарҳанг, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷ, Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 11 ва 8,5 километр роҳҳои дохили деҳаро тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.







