Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара

Shared to Facebook

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст корхонаи хишти Данғараро ифтитоҳ намуданд.

Тавре иттилоъ доданд, иншооти саноатӣ аз ҷониби Ширкати ватании Тоҷвар сохта шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 120 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил намуда, дар он 60  сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Хишти ин корхона бо таҷҳизоту технологияи муосири даврзананда истеҳсолу пухта мешавад.

Истифодаи 3 намуди ашёми хом — хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт дар корхонаи нави саноатӣ имкон медиҳад маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.

Ҳудуди умумии корхонаи хишт 12 гектарро ташкил медиҳад ва тавре мутахассисон иброз доштанд, маҳсулоти хоми табиии  мавзеъ, метавонад барои пешбурди фаъолияти муназзами корхона солҳои зиёд хизмат расонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.

Амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи имтиёзҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ба ворид кардани таҷҳизоти муосире, ки дар як вақт чанд амалро иҷро менамояд, замина гузоштааст. Аз ҷумла, роботҳо ба фаъолияти мунтазам ва баланд шудани иқтидори истеҳсолии ин корхонаи саноатӣ мусоидат менамояд.

Иқтидори баланди хатҳои технологӣ ва сарфаи қувваи барқ аз бартариҳои дигари технологияи ин корхонаи нави саноатӣ маҳсуб меёбад.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар кишвар 160 корхонаи хишти пухта мавҷуд аст ва ба кор оғоз намудани Корхонаи хишти ноҳияи Данғара дар оянда таъминкунандаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва рушди тадбирҳои созандагӣ дар ин ва дигар ноҳияҳои наздик мегардад.

Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ барои бунёди ҳамин гуна як корхонаи калон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо иқтидори 36 миллион дона хишт дар як сол асос гузоштанд.

Корхонаи саноатӣ дар давоми як сол сохта шуда, дар он 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корез Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои марказ дуошёна буда, аз 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, иммунизатсия, табобатӣ, доругузаронӣ, барои табибони оилавӣ ва таҳлилгоҳ иборат мебошад.

Бунёди иншоот моҳи феврали соли равон оғоз гардида, дар  корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Корез аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба сокинон сохта шудааст.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар доираи марҳилаи дуюми бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфтааст.

Ба Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии рақами 2 бо 45 синфхонаи таълимӣ барои 1200 донишҷӯ ва бинои таълимии рақами 3 бо 49 синфхонаи таълимӣ барои 1416 донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои нави Раёсати  маорифи ноҳия, дар шаҳраки Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, дар деҳаи Рахшонзамин бинои Муассисаи томактабии «Шукрона» ва Маркази саломатӣ ва дар деҳаи Раҳмониёни деҳоти Корези ноҳия бинои нави Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

https://www.president.tj