Пирӯзии «Истиқлол» бар тими «Ал-Завра»-и Ироқ

Shared to Facebook

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар мавсими 2025/26 дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё пирӯз шуд, иттилоъ додааст ФФТ.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт.

Се имтиёзро ба дастаи «Истиқлол» Амирбек Ҷурабоев ва Пол Комолафе таъмин намуданд.

Баъди се бозии баргузоргардида, дар гурӯҳи «A» дастаи саудии «Ал-Наср» бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. «Истиқлол» бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм аст. «Ал-Завра» бо 3 имтиёз дар зинаи 3-юм ва “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи қарор дорад.

Бозии навбатии худро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 қаҳрамони Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар зидди «Ал-Завра» доир менамояд. Ин бозӣ рӯзи 5-уми ноябр дар шаҳри Бағдод баргузор мегардад.