20 октябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ д-р. Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷириро ба ҳузур пазируфт, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи равобити Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон байни ду кишвар табодули афкор сурат гирифт.