20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳраки нави саноатиро дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иқтидори корхонаҳо истеҳсоли сафолаку кошин, хишти сабук ва оҳак буда, маҳсулоташон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Шумораи ҷойҳои корӣ то 1200 нафар расида, маош аз 4500 то 12000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Шаҳраки нави саноатӣ дар майдони 37 гектар сохта шуда, бо нерӯи барқи худӣ фаъолият мекунад.