23 сентябр сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расида, Сарвари давлат бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар ин ноҳия Пешвои миллат нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд, ки аз се ошёна иборат буда, сохтмони он соли 2019 оғоз шуда буд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.
Дар идома дар ноҳияи Балҷувон бинои филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, масъулон ва дигар кормандони филиали бонкро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон вазифадор карданд.
Ҳамчунин, рӯзи 23 сентябр Сарвари давлат дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмонии 2 бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди биноҳои истиқоматӣ Президент ба таъмини сифати кор дар рафти бунёди сохтмон дастуру маслиҳатҳо доданд.
Бинои истиқоматӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани кормандони касбу кори гуногун бо манзили истиқоматии хизматӣ сохта мешавад.
Мутобиқи нақша, оянда дар ин ҷо боз як бинои дигари 5 ошёнаи истиқоматии хизматӣ бунёд мегардад.
23 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд.
Осорхона аз се ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои маҳфуз доштани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар як ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд. Дар ин ҷо аз давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисоркуниҳои фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абӯмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар маълумоти зиёд маҳфуз мебошад.
Ба маълумоти масъулин, ҳоло дар хазинаи осорхонаи навбунёд зиёда аз 1500 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафари Президент ба ноҳияи Балҷувон дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар асоси нақша — чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия бунёд карда шудааст. Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди иншоот нахуст бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд. Сипас дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллиро бо садо додани Суруди миллӣ парафшон намуданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон 35 метрро дар бар гирифта, матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Худи ҳамон рӯз Президент дар ноҳияи Балҷувон Варзишгоҳи марказии ноҳия бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок намуданд.
Баъди ба истифода додани варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Балҷувон бо дарки баланди масъулият ва хештаншиносӣ корҳои ободонию созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, дар пешрафту ободии Ватани азиз саҳми шоиста мегузоранд.
Гуфта шуд, бо мақсади таъмин намудани рушди ноҳияи Балҷувон ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии он дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 780 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2016 – 2020 25 лоиҳа ба маблағи 84 миллион сомонӣ иҷро шуда, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 боз 129 лоиҳа ба маблағи 334 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Президент хотирнишон карданд, ки шароити ноҳия барои растанипарварӣ ва чорводорӣ бисёр мусоид буда, рушди ин бахшҳо метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дошта бошад.
Аз ин лиҳоз масъулин вазифадор гардиданд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар мавзеъҳои мусоид, истеҳсолу захира кардани маҳсулот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа чораҳои дахлдор андешида шаванд.
23 сентябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон ҳамчунин тарабхонаи “Сайди Хосор”-ро ба истифода дода, бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Иншооти муосири хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019-2021 аз ҷониби соҳибкор Насимҷон Сатторов бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти нави хизматрасонӣ барои сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ иқдоми соҳибкори ватаниро шоёни таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии инфрасохтори боз ҳам беҳтар дар ин гӯшаи зебоманзари мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Рӯзи 23 сентябр боздиди Президент дар ноҳияи Балҷувон ба анҷом расида, Сарвари давлат ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварданд.
Пешвои миллат нахуст дар ноҳияи Темурмалик Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия навсозӣ гардидааст, шинос шуданд.
Дар ҳудуди боғ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Кадбонуҳои ноҳия, ҳунармандону косибон маҳсули дастранҷи худро ба маърази дид гузошта, аз рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Темурмалик иттилоъ доданд. Аз ҷумла, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, қуроқбофиву атласу адрасбофӣ дар намоишгоҳ пешниҳод гардонида шуд.
Сипас Сарвари давлат бо имкониятҳои боғи фарҳангиву фароғатӣ шинос шуданд.
Навсозии иншооти мазкур соли 2019 оғоз гардида, ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Гуфта шуд, дар иншооти мазкур шароити мусоид барои гузаронидани барномаҳои фарҳангӣ, истироҳати сокинон ва мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, қомат афрохтани Амфитеатри зебову замонавӣ барои гузаронидани консерту дигар чорабиниҳо имконият фароҳам намуд. Ҳамчунин дар боғ барои гузаронидани тамрину сабқатҳои варзишӣ як майдончаи муосири варзишӣ бунёд карда шудааст.
Зимни боздид Президенти ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро барои нигоҳубини дуруст ва ҳифзи ҳамаҷонибаи иншооти мазкур вазифадор намуданд.
Худи ҳамон рӯз дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ ташкил гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад. Сутунпояи Нишони давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ ва бо истифода аз сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки гирду атрофи иншооти мазкур ҳамеша чунин ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ дошта шавад.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта дар идомаи сафари кории Президент дар ноҳияи Темурмалик, дар Шаҳраки Баҳманрӯд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо дарназардошти стандартҳои ҷаҳони муосир бунёд шуда, ҳамчунин аз толори варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 150 ҷой, ошхона барои 48 нафар, китобхона бо толори хониш, синфхонаи инкишофи кӯдак барои омода намудани кӯдакон ба мактаб, утоқи махсус барои омӯзиши бозии шоҳмот бо тахтаи электронӣ ва компютери намуди моноблок иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҷараёни корҳои сомонёфта ва суҳбат бо омӯзгорон, таъкид намуданд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосири таълим, маорифчиёни ноҳияро зарур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва афзудани дастовардҳои соҳа саъйю талоши бештар намоянд ва дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми муносиб гузоранд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба маорифчиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи сафари Роҳбари давлат дар маркази ноҳияи Темурмалик яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ — Парчами давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии Парчам бо дарназардошти сутунпояи он 50 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 ба 7 метр мебошад.
Корҳои бунёдкорӣ дар Боғи Парчами давлатӣ соли 2018 оғоз гардида буд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек ва наҷибона хонданд.