Машқҳои муштараки «Бародарии шикастнопазир — 2025»

Shared to Facebook

 Аз 14 то 24 октябр дар машқгоҳи «Фахробод»-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки сулҳҷӯёнаи «Бародарии шикастнопазир-2025», машқҳои махсуси «Монеа-2025» ва машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттиҳоди зиддитеррористӣ — 2025» гузаронида мешаванд, хабар додааст маркази матбуот ва иттилоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои иштирок дар ин тамринҳо имрӯз ҳайати шахсии иштирокчиёни машқҳо аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қирғизистон вориди мамлакат шуданд. Тибқи нақша, то 19 октябр низомиён аз дигар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд ва марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки ҳарбӣ оғоз меёбанд.

Дар машқҳои муштараки ҳарбӣ ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Беларус иштирок ва дар  марҳилаҳои мухталиф тамоми машқҳои пешбинигардидаро амалан коркарду тарҳрезӣ менамоянд.