15 октябри соли 2025 дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба рушди ҳамкориҳо дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла дар соҳаҳои беҳсозии ҳамлу нақли минтақавӣ, соддасозии расмиёти савдо, истифодаи устувори захираҳои об, гузариш ба иқтисоди сабз ва рақамисозӣ, инчунин масъалаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ табодули афкор намуданд.