Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо як сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Владимир Путинро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зинаҳои ҳавопаймо пешвоз гирифтанд.