Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 9-уми октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд

Shared to Facebook

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 9-уми октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меравад.

Дар бораи ин сафари дарпешистода Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Александр Панкин хабар додааст, менависад «Голос Центральной Азии» (Садои Осиёи Марказӣ).

«Ман боварӣ дорам, ки ин сафар ба рушди равобити гуногунҷанбаи мо такони нав мебахшад ва ба пайдо кардани самтҳои нави ҳамкорӣ кӯмак хоҳад кард», — таъкид намуд Александр Панкин дар чорабиние, ки дар Сафорати Тоҷикистон, ки ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Ба гуфтаи Панкин, роҳбарони ду кишвар дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим доранд.

➡️Голос Центральной Азии