5-уми октябр — зодрӯзи Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон

Shared to Facebook

Имрӯз, 5-уми октябр, мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихор ва муҳаббати бузург зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҷлил менамоянд.

Дар ин рӯзи фархунда ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрикоти самимӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ирсол гардиданд.

Дар тӯли фаъолияти пурсамари худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковати сиёсӣ, таҷрибаи ғанӣ, хирадмандӣ ва нерӯи беинтиҳои худ тавонистанд давлати ҷавони тоҷиконро аз мушкилоти гарон бароранд, сулҳу суботро барқарор созанд ва пояҳои давлатдориро таҳким бахшанд.

Бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон имрӯз ба як кишвари босуботу рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст, ки садои он дар минбари ҷаҳонӣ бо ифтихор садо медиҳад.

Сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори иқтисодӣ, болоравии сатҳи зиндагии мардум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва дӯстиву ҳамкории созанда бо кишварҳои ҷаҳон нақши калидӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — рамзи ваҳдату бедории миллӣ, ифтихору шарафи давлатдории тоҷикон мебошанд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз самими қалб умри дароз, саломатии бардавом, нерӯи созанда ва дастовардҳои нав дар роҳи пешрафти Ватан ва саодати халқи Тоҷикистон орзу менамоем.

Ному шахсияти Шумо барои миллати тоҷик рамзи ваҳдат, пояндагӣ ва ифтихор аст. Мо бо Шумо ифтихор мекунем, Ҷаноби Олӣ!

Бахши тоҷикии ИмрӯзNews