Субҳи 21 октябр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи якчанд иншооти иҷтимоӣ, саноатӣ ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сарвари давлатро роҳбарият ва мардуми ноҳия истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, бинои Коллеҷи тиббӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шуд.
Муассиса аз 3 ошёна иборат буда, имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯро дорад.
Коллеҷи мазкур дорои 36 синфхонаи таълимиву лабораторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ҷой ва инчунин толори маҷлисӣ барои 240 ҷойи нишаст мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии ҳудуди Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурт 10 ҳазор метри мураббаъ буда, масоҳати зери сохтмон 1125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъд аз таъмиру азнавсозӣ Боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат бобати баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва маърифатнокии насли наврас мавриди таҷдид қарор гирифта, ба истифода дода шуд.
Таъмиру навсозии Кӯдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло сурат гирифта, барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабӣ зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Кӯдакистон дар деҳоти Кангурт ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, давоми солҳои фаъолияташ боре ҳам таъмири ҷиддӣ нашуда буд ва бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Акнун дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат кӯдакони ин ҷамоат ҳам соҳиби боғчаи зебо шуданд.
Боғчаи кӯдаконаи “Бону” аз 2 ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кӯдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудаанд.
Давоми корҳои сохтмонӣ ҳамаи ҳуҷраҳои бино аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо рахтҳои наву замонавӣ, мизу ҷевон, бозичаҳо барои кӯдакон ва ошхона бо тамоми лавозимот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудааст.