27 сентябр зимни ҷаласаи 37-уми Шурои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи «Инсон ва биосфера» дар шаҳри Ханчжоуи Чин мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» дар Тоҷикистон ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Воридшавии «Ромит» ба ин шабака инъикоси уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии мутаносиби инсон бо табиат мебошад.
Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит», ки дар минтақаи нодири экологӣ ҷойгир аст, бо гуногунии бойи биологӣ, мавҷудияти намудҳои эндемикӣ ва усулҳои анъанавии истифодабарии замин машҳур аст.
Эътироф кардани «Ромит» ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ ба дастгирии тадқиқоти илмӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.