Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 27 октябр лоиҳаи созишнома дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт ҷиҳати бунёди пойгоҳи махсус дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тасдиқ кард. Тибқи ин созишнома, Чин барои сохтмони ин пойгоҳ тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) ҷудо мекунад.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфта шуд, ин пойгоҳ тибқи созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бунёд мешавад.
Ба гуфтаи муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни ду давлат Чин барои бунёди пойгоҳи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар дараи Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ кӯмаки бебозгашт мекунад:
“Тибқи ин созишнома, тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад”, — гуфт вай зимни муаррифии ин лоиҳа.
Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2002 тасвиб шуда буд.
Ба гуфтаи вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Толибхон Азимзода, пойгоҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон бунёд мегардад:
“Он аз биноҳои корӣ ва дигар биноҳои маишӣ иборат буда, ба маблағи 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ сохта мешавад”, — гуфт вакил.
Соли 2019 рӯзномаи амрикоии “Вашингтон Пост” навишта буд, Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад. Ба навиштаи рӯзнома, ин “посгоҳи хоксорона” дар наздикии гузаргоҳи Вахон ба Афғонистон ва дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб воқеъ аст.