Ориёнбонк бо Агентии байналмилалии рейтингии Fitch Ratings вохурӣ доир намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти бонк.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳо, инчунин нақши созмонҳои байналмилалии рейтингиро дар рушди бозори молиявии Тоҷикистон ва дар тамоми минтақа баррасӣ намуданд.
Ба масъалаҳои азсаргирии шарикӣ ва густариши фарогирии таҳлилӣ дар сатҳи кишварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз «сегонаи бузурги» агентии рейтингӣ маҳз Fitch то ҳол ба Тоҷикистон рейтинги қарзии суверенӣ надодааст. Омодагӣ барои мусоидат ба кор дар ин самт иброз гардид.
Илова бар ин, имконияти таъйини рейтинги ESG барои Ориёнбонк низ муҳокима шуд, ки метавонад ба таҳкими эътимоди сармоягузорон ва шарикон нисбат ба Бонк мусоидат намояд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории минбаъда ва таҳияи нақшаи қадамҳои амалии муштарак ба мувофиқа расиданд.
➡️https://oriyonbonk.tj/ru