24 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг бахшида ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки корпуси дипломатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-И Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни баргузории брифинг роҷеъ ба чорабиниҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба Саммити Иттиҳод маълумот пешниҳод гардид. Иброз гардид, ки рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ иборат аст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон