Кадом навъи таблиғ бештар самаранок аст?

Shared to Facebook

Радио аз рӯи талабот пешсафи бисёре аз воситаҳои ахбори умум мебошад. Ва ин тасодуфӣ нест: инсон метавонад бо корҳои худ машғул бошаду ҳамзамон хабарҳо, барномаҳо ва консертҳои ҳунармандони дӯстдоштаро гӯш кунад. Аз ин рӯ, коршиносон бар он андешаанд, ки реклама дар радио яке аз роҳҳои самараноктарини ворид кардани маҳсулот ба бозор мебошад.

Радио – воситаи чандир аст. Он назар ба нашрияҳо фаврӣ ва зудтаъсиртар аст. Радио метавонад ҳамон бахши аудиторияи мақсаднокро фаро гирад, ки телевизион ва матбуот ба онҳо таъсир намерасонанд. Дастрасии умумии радио паёмҳои рекламавиро хеле муассир месозад, зеро онҳо қариб дар ҳама ҷо ба истеъмолкунанда дастрасанд. Паёмҳои рекламавии радиоиро метавон дар хона, мошин, ҷои кор, мағозаҳо, истироҳат ва ҳатто ҳангоми варзиш ё сайругашт шунид. Бартарии асосии реклама дар радио дар он аст, ки шунаванда барои дарк кардани паём заҳмати зиёд намекашад. Радиореклама ҳатто дар ҳолати гӯшкунии ғайрифаъол ҳам қабул карда мешавад.

Бартариҳои радио

Бо назардошти тағйирот дар соҳаи ВАО ва афзоиши форматҳои рақамии реклама, радио ҳамоно мавқеи худро нигоҳ дошта, барои рекламадиҳанда имкониятҳои зиёд фароҳам меорад.

Фарогирии васеи аудитория: Радио метавонад якбора таваҷҷуҳи шунавандагони зиёдро ҷалб намояд. Бар хилофи баъзе форматҳо, мисли рекламаи чопӣ ё ҳатто интернетӣ, радио қодир аст минтақаҳои ҷуғрофии калон ва гурӯҳҳои гуногуни демографиро фаро гирад.

Оғози фаврии маъракаи реклама: 91,3% иштирокчиёни таҳқиқоти мо ин имкониятро “хос ба радио” мешуморанд.

Аудиторияи мақсаднок: Интихоби радиостансия ба рекламадиҳанда имкон медиҳад, ки ба гурӯҳҳои мушаххас равона шавад. Масалан, радиостансияҳои махсус барои ҷавонон, доираҳои тиҷоратӣ ё дӯстдорони жанрҳои муайяни мусиқӣ мавҷуданд.

Мазмун ва услуб: Радио имкон медиҳад, ки услуб ва оҳанги паём вобаста ба хусусиятҳои радиостансия танзим карда шавад – ҷиддӣ ва иттилоотӣ ё сабук ва фароғатӣ.

Таъсири шунавоӣ: Паёмҳои аудиоӣ бештар дар хотир мемонанд, хусусан агар чанд бор дар як рӯз такрор шаванд. Роликҳое, ки 4–6 маротиба дар як рӯз дар давоми 2–4 ҳафта пахш мешаванд, самаранок хотирнишон мегарданд.

Гуногунии форматҳо: Радио имконият медиҳад, ки паёмҳо ва эълонҳо ба тарзи табиӣ ва мувофиқ бо барномаҳо пешниҳод шаванд .

Интегратсия бо барномаҳо: Реклама метавонад ба таври табиӣ ба барномаҳои ҳаррӯза ворид гардад ва камтар маҷбуркунанда намояд.

Усулҳои эҷодӣ: Роликҳои рекламавӣ метавонанд бо шаклҳои гуногун сабт шаванд: шеърӣ, мусиқӣ, диалогӣ ва ғайра.

Дастгирии радиостансияҳо: Аксар радиостансияҳо хизматрасониҳои омодасозӣ ва сабти роликҳоро пешниҳод мекунанд.

Ҷалби шахсиятҳои маъруф: Иштироки шахсиятҳои шинохта ё ровиёни машҳур эътимоди шунавандагонро боло мебарад.

Ворид кардани тағйироти фаврӣ: Сабти ролик вақти зиёд намегирад ва тағйиротро метавон зуд ворид кард.

Арзиши пасти тамос: 67,4% пурсидашудагон арзиши пасти тамосро аз бартариҳои радио медонанд.

Набояд фаромӯш кард: Дар шароити муосир ҳар маъракаи реклама бояд аз чандин шабака гузарад. Масалан, радио, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ.

Хизматрасонии тиҷоратии комил дар Тоҷикистон:

Тамос: 📞 +992 93 100 7777 📞 +992 30 700 7777

Хадамоти тиҷоратии “ИмрузMedia