Дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии Cоли нави мелодии 2022 аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 11 ҳазор нафар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, аз ин туҳфа ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат баҳравар шуданд:
“Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ин навбат низ чун анъана аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11000 (ёздаҳ ҳазор) нафар, аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд”, — хабар дод манбаъ.
Кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе, аз қабили маҷмуи либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ин рӯзҳо ба бошандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2, мактаб-интернати махсуси ёрирасони №3”, мактаби махсуси ношунавоён, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, хонаи кӯдакони синни томактабии №1, маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2 ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе дастрас ва барои бошандагону тарбиятгирандагони ҳамаи ин муассисаҳои иҷтимоии пойтахт дастурхони идонаву барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ташкил карда шуд.