Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро муҳокима кардаанд.
Муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода ҳадафи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳои суиистифода аз вазифа, роҳ надодан ба қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта ва амалҳои ба ин монанд муаррифӣ карда, иброз дошт, ки тибқи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №222 аз 3 августи соли 2021 ва банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2021 Барномаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2021 тасдиқ карда шуд:
“Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои мазкур маҷмуи тадбирҳои зиддикоррупсионии Бонки миллии Тоҷикистонро дарбар гирифта, дар онҳо самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллӣ дар робита ба муқовимат ба коррупсия дар давраи дарозмуддат ва вазифаҳои воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллӣ оид ба иҷрои ҳар як чорабинӣ, муҳлати иҷро ва мақсадҳои гузошташуда ба таври мушаххас муайян шудаанд”, — изҳор дошт Толибзода.
Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2021 ва ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандон ташкил ва баргузории як қатор вохӯриҳо бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вобаста ба масъалаи таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои мубориза бо он дар назар дошта шудааст.
Ҳамин тавр, ҷиҳати иҷрои самараноки Барнома ва Нақшаи чорабиниҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон сарнозири Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Нурмаҳмад Акбарзода даъват карда шуд. Номбурда оид ба муҳиммияту зарурати қабул гардидан ва мавриди амал қарор дода шудани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти муфассал манзур намуд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ дар хусуси иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи қатъӣ бо коррупсия, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва ба ин васила решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Гуфта мешавад, вохӯрии кормандони БМТ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба таври доимӣ баргузор гардида, мақсад аз он таҳкими корҳои тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандони низоми бонкӣ мебошад.