Имрӯз дар бинои Парлумони Тоҷикистон мулоқоти хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардид, хабар додааст маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қабл аз оғози мулоқотҳо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу дар Китоби меҳмонони ифтихории Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон соядаст гузошт. Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.