Президентҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зимни як суҳбати телефонӣ ҳамдигарро бо Соли нав табрик кардаанд:
“Зимни суҳбат баррасии баъзе масъалаҳои дар ҳошияи тавофуқоти 27 декабри соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербург дар сатҳи олӣ бадастомада идома ёфт”, -хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.
Мусоҳибон азми худро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо мундариҷаи босифат ва иловагӣ тасдиқ намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 27 декабр, дар арафаи Соли нави мелодӣ, дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург мулоқот карда буданд.