Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев аз талошҳои роҳбарияти он кишвар ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ҷонибдорӣ кардаанд.
Бино ба хабари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ин суҳбати телефонӣ рӯзи 6 январ сурат гирифта, дар ҷараёни он Сарвари Қазоқистон ба ҳамтои тоҷики худ дар бораи вазъ дар кишвар ва тадбирҳои аз ҷониби раҳбарият барои ба эътидол овардани он андешидашуда маълумот дод:
“Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.
Президенти Тоҷикистон омодагии ҷумҳуриро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуданд”, – омадааст дар хабар.