Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон, Маркази варзишии сайёҳӣ ва осорхонаи таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг

Shared to Facebook

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар деҳоти Чуқурак, Таги Ҷар ва Дараи Мухтор сохта шуда, раванди таҳсили илму маърифат ва ҷалби наврасону ҷавононро ба машқу тамрин беҳтар месозад.    

 Муассисаҳои таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд карда шуданд.      

 Биноҳои таълимӣ бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ ҷиҳозонида шуда, дар он заминаи мусоиди ба таҳсил фаро гирифтани 2100 хонанда фароҳам оварда шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 баъди навсозии куллӣ дар шаҳраки Мунк бо тарҳу услуби муосир аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Сафаров сохта шудааст.

Иншоот дорои 34 синфхона буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   

 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 воқеъ дар деҳаи Таги ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт 10 синфхона, хонаи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон дорад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки иншоот дар асоси дархост ва хоҳиши ҷавондухтари илмдӯст Гулнигори Карим сохта шудааст. Гулнигори Карим, соли 2020 зимни суҳбат бо Сарвари давлат аз вазъи ногувори бинои қаблии муассиса маълумот дода буд. Аз ин рӯ Роҳбари давлат барои дар муҳлати муайян сохта ба истифода додани иншооти нави соҳа ба масъулин дастуру супоришҳо дода буданд ва имрӯз хушбахтона ин мушкил бартараф гардид.

 Бунёд ва мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Чуқураки деҳоти Ҷонбахт дар идомаи ҳамин иқдому тадбирҳо амалӣ гардидааст. Муассиса бо саҳми соҳибкори маҳалӣ Абдулло Ҳасанов бо шароити замонавӣ сохта шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.  

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 51 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва  1 литсей- интернат бо фарогирии 13 ҳазору 464 хонанда фаъолият дорад.      

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар биноҳои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд.    

Муассисаҳои томактабӣ, ки бо иштироки Сарвари далат дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи  шаҳраки Мунк ва дар деҳоти Таги Ҷари деҳоти Ҷонбахт ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дорои шароити хуби таҳсил буда, бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз  мебошад.

 Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Осинот бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷумахон Қосимов дар доираи тадбирҳои ободонӣ бунёд гардида, барои ба таҳсил фаро гирифтани  200 дӯструяк пешбинӣ шудааст. 

 Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и  Шараф дар деҳаи Таги Ҷар бо фарогирии 50 кӯдак ба истифода дода шуд. Муассиса  бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кӯдакон замина мегузорад.

 Дигар иншоот — Маркази варзишии сайёҳӣ дар деҳаи Дараи Мухтор, ки аз ҷониби Роҳбари давлат фосилавӣ кушода шуд, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузорад. Иншоот ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Фазлиддин Кенҷаев бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият оғоз намудани он  20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. Маҷмааи мазкур аз ду ошёна ва меҳмонхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард метавонад хизмат расонад.    

Дар ҳамин рӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 6 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ карда шуд, ки дар маҷмӯъ барои ба таҳсил фаро гирифтани бештар аз 2600 нафар пешбинӣ шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара шинос шуданд.

Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст. Пас аз шиносоӣ бо Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара, ки каме дуртар аз осорхона ҷойгир мебошад, боздид намуданд.

president.tj