21 августи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус саҳифаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули назар намуда, мавзуоти марбут ба чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланди дарпешистодаро матраҳ намуданд.
Манбаъ: https://mfa.tj/